баргард чоп кардан

АКС: Дарёфти ҷасади мухлиси “Баха 84” ва кӯмакхоҳии ВКД барои шиносоии ӯ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 5-уми сентябр аз ҷамоати Унҷи, кӯчаи Ҷ.Солиеви ноӽияи Б.Ғафуров, аз пушти мактаби №29 ҷасади ҷавони тақрибан 18-23-сола дарёфт карда шуд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, шахсияти марҳум давоми як моҳи охир номаълум боқӣ мондааст ва наздиконаш низ пайдо нашудаанд. Ӯ афзуд, мақомот маълум кардаанд, ки марҳум мухлиси овозхон “Баха-84” будааст ва чанд рӯз қабл аз марг бо ин сароянда акс гирифтааст: “Якчанд рӯз пеш аз дарёфти ҷасади мазкур барномаи консертии ҳунарманди шинохта Баха-84 дар шаҳри Хуҷанд доир гардида, ӯ бо ҳамроҳии Баха-84 расм гирифтааст. Дар ҷасад нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт нашудаанд”.

Оқои Эмомалӣ афзуд “Баха 84” зимни бозпурсӣ гуфтааст, номи ин мухлисашро намедонад. Ӯ изҳор доштааст, ки мухлисони зиёд дорад ва шахсияти ҳамаи онҳоеро, ки бо ӯ акс гирифтаанд, намедонад.

Вазорати умури дохилӣ бо пешниҳоди аксҳои марҳум аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки дар муайян намудани шахсияти фавтида кӯмак кунанд: “Агар маълумоте дошта бошанд, бо «телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21, ё ба қисми навбатдории ШВКД дар шаҳри Б.Ғафуров бо рақами (83442)-3-22-35, 92-888-06-71 занг зананд”.


АКС: Дарёфти ҷасади мухлиси “Баха 84” ва кӯмакхоҳии ВКД барои шиносоии ӯ

АКС: Дарёфти ҷасади мухлиси “Баха 84” ва кӯмакхоҳии ВКД барои шиносоии ӯ

АКС: Дарёфти ҷасади мухлиси “Баха 84” ва кӯмакхоҳии ВКД барои шиносоии ӯ


Нафари фавтида дар расм аз тарафи рост