Афғонистон ва Туркманистон рақиби мунтахаби Тоҷикистон
Мунтахаби футболи Тоҷикистон моҳи оянда ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, футболбозони тоҷик 9 ноябр бо яккачини Туркманистон ва 13 ноябр бо мунтахаби Афғонистон ба майдон мебароянд.
Ба иттилои манбаъ, ин бозиҳои рафиқона дар доираи мусобиқоти Ҷоми Осиё-2019 доир гашта, ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Мунтахаби Туркманистон дар раддабандии ФИФА зинаи 116 ва Афғонистон дар ҷойи 149-ум қарор доранд.