баргард чоп кардан

СММ: Давоми 8 рӯз 33000 нафар Кундузро тарк кардааст

Созмони милали муттаҳид гуфтааст, баъди шурӯи ҳамлаи густурдаи ҷангиён ба Кундузи Афғонистон дар 3 октябри соли равон, 33 ҳазор нафар аз ин шаҳр куч бастаанд.

Бино ба омори Вазорати умури гурезаҳои Афғонистон, теъдоди умумии афроде, ки Кундузро тарк кардаанд, ба 100 ҳазор нафар мерасад.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои афғонӣ хабар медиҳанд, даргириҳо миёни ҷангиёни “Толибон” ва неруҳои ҳукуматӣ сокинонро бо мушкили норасоии об, ғизо, дору ва нерӯи барқ рӯбарӯ хоҳад кард.

Кундуз яке аз минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон аст. Қаблан хабар дода шуд, ки дар пайи шурӯи даргириҳои мусаллаҳона дар ин минтақа Тоҷикистон марзи давлатиашро таҳким бахшидааст.