баргард чоп кардан

Беморӣ мулоқоти Назарбоевро бо Э.Раҳмон ва ҳамтоёни дигараш зери суол бурдааст

Мақомоти Қазоқистон бархе аз сафарҳои Нурсурлтон Назарбоев, раисиҷумҳури сармохӯрдаи ин кишварро лағв кардаанд.

Тибқи иттилоияи расмӣ Нурсултон Назарбоев, ба далели шамолхӯрӣ бистарӣ шуда, таҳти назорати табибон қарор дорад. Масъулини хадамоти Президент сафари Назарбоевро ба вилояти Мангистауск, ки имрӯз дар назар буд, ба таъхир андохтаанд. Инчунин сафараш ба Озарбойҷон низ бекор шуда, иштирокаш дар ҳамоиши сарони давлатҳои узви СПАД, ки 14-уми октябр дар Ереван дар назар аст, зери суол рафтааст.

Ҳамоиши сарони давлатҳои Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Белорусия ва Арманистон 14-уми октябр дар Ереван дар назар буда, мубориза бо терроризм аз мавзуъҳои меҳварии он арзёбӣ мешавад.