Бордюжа: Маълумоти Тоҷикистонро мешавад зидди ДИИШ истифода кард
Николай Бордюжа, котиби генералии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) гуфтааст, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҷангиёни баргашта аз сафҳои ДИИШ маълумоти зиёдеро гирд овардаанд, ки мешавад онҳоро барои муаррифии чеҳраи аслии ин созмони террористӣ истифода кард.
Борджа яке аз роҳҳои муассири хунсо кардани таъсири ДИИШ ба кишварҳои узви СПАД-ро ба роҳ андохтани корҳои тарғиботиву иттилоотӣ дониста, гуфтааст, ки кишварҳои узв маълумоти лозимеро аз нафарони бозгардонда ба даст овардаанд. Ӯ дар суҳбат бо телевизиони “Мир” гуфтааст, “дар кишварҳои мо, махсусан Тоҷикистон маводи бисёре аз пурсуҷӯйҳои нафароне, ки аз минтақаҳои низоъ баргардонда шудаанд, гирдоварӣ шудааст. Аз нақли шоҳидҳо, онҳое, ки баъди тарғибот дар торнамоҳои ин созмони террористӣ ба сафи он пайваста буданд, дар бораи он ки дар ҳақиқат дар ДИИШ чӣ мегузарад, онҳо чӣ гуна ба инсонҳо муносибат мекунанд ва чӣ гуна аҳолии мулкиро маҷбур мекунанд, ки ҷанг бикунанд ва чӣ тарз занҳову хонаводаҳоро “ба давра” сар медиҳанд ва бисёр ҳаводиси даҳшатовари дигар ба даст омадааст”.
Бордюжа гуфтааст, ман бар ин боварам, ки ин гуна матолибро ҳам бояд истифода бурд, то мардум бидонанд, ки “ДИИШ” ва дигар созмонҳои террористӣ дар ҳақиқат чӣ гуна як созмон мебошанд.
Бордюжа ҳамчунин аз анҷоми корҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон барои пешгирӣ аз хатароти террористӣ қаноат накардааст. “Дар ҳоли ҳозир ёрмандиҳо ба Тоҷикистон, ки марзи асосиро бо Афғонистон дорад, расонда шуд. Марзбонони Тоҷикистон лавозимоти заруриро дастрас кардаанд, аммо он кофӣ нест”,- гуфтааст Бордюжа.
Дар ин суҳбати худ Бордюжа аз чорандешиҳои раҳбарияти Тоҷикистон барои бозомӯзӣ ва боло бурдани маҳорати марзбонанш тавсиф кардааст. Ӯ суҳбати охираш бо Эмомалӣ Раҳмонро зикр карда, аз қавли президенти Тоҷикистон овардааст, ки дар марз 84 дидбонгоҳ сохта шудааст ва ҳоло сохтмони бештар аз 100 иншооти дигар дар марзҳо давом дорад ва ҳамаи ин бо имконоти худи Тоҷикистон сохта мешавад.
Вале Бордюжа ҳамаи ин корҳои анҷомшуда дар марзҳои Тоҷикистонро нокофӣ дониста, гуфтааст, ки барои он ки аз вуруди гуруҳҳои ҷиноӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ шавад бояд корҳои бештар кард ва дар ин росто мо ҳамаи кишварҳои узв Тоҷикистонро ёрмандӣ мекунанд.