Панҷакент: 3 бародару бародарзода зери хок мондаанд
Се сокини деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент баъди зуҳри 12-уми октябр зери хок монда, ба ҳалокат расидаанд.
Тавре аз ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент ба “Озодагон” иттилоъ доданд, фоҷеа тақрибан соати 15:00 рух дода, ҳалокшудагон аъзои як хонавода будаанд: “Бародарон Муҳиддинов Саиди 38- сола, Муҳиддинов Субҳони 25-сола ва бародарзодаашон Раббим Муҳидинови 20-сола рӯзи гузашта барои кандани хок рафтаанд ва танҳо соати 15:00 ду роҳгузар мебинанд, ки онҳо зери хок мондаанд”.
Ба иттилои манбаъ, марҳум Саид дар корхонаи тиллои “Зарафшон” ронанда буда, Субҳон муаллими мактаб ва бародарзодаашон Раббим донишҷӯ будааст.