баргард чоп кардан

Ҳамагӣ 1100 хонавода дар Душанбе газ доранду бас

Дар шаҳри Душанбе дар  ҳоли ҳозир 1100 оила бо газ таъмин асту халос.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Сайидмаҳмад Шарофиддинов, райиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, айни ҳол дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 500 оила ва дар ноҳияи Фирдавсӣ 600 оила ба газ дастрасӣ доранд. Барои баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо газ Шарофиддинов зарур мешуморад, ки коркард ва истеҳсоли гази ватанӣ густариш ёбад. Номбурда афзуд, корҳои чоҳканӣ дар конҳои гази Тоҷикистон, аз ҷумла  чоҳи «Сариқамиш» мувофиқи реҷа идома дорад.

Алексей Миллер, раиси ширкати «Газпром», ки корҳои чоҳканиро дар чоҳи Сариқамиш ба ӯҳда дорад, қаблан захираи онро 60 – 80 миллиард метри мукааб арзёбӣ карда, афзуд, ки дар натиҷаи коркарди он Тоҷикистон тайи 50 сол пурра бо гази худӣ таъмин хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, чоҳи «Сариқамиш» бо чуқурии 6 ҳазору 500 метр дар ҳудуди ИДМ чуқуртарин хоҳад буд. Шарофиддинов, мегӯяд, ки ба умеди коркарди гази ватанӣ, хоҷагиҳои газӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон нигоҳдорӣ шуда истодаанд. Сарфи назар аз зараровар будани бисёре аз хоҷагиҳои газӣ мо ба кормандонашон маош дода истодаем, хароҷоташонро пӯшонда истодаем, то рӯзе  гази худӣ коркард шавад ва фаъолияти онҳо худкифо гардад.