Ҳалокати тоҷики сеюм зери қатор тайи як ҳафтаи охир
Шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Санкт Петербург зери қатор монда, ҷон додааст.
Тибқи иттилоияи Раёсати тафтишотии умури нақлиёти Русия ҳодиса 16-уми октябр, дар ноҳияи Колпин рух додааст: “Бар асоси иттилои пешакӣ шаҳрванди Тоҷикистон роҳро убур мекардааст ва қаторро надидааст. Ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид”.
Марҳум сеюмин шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ки тайи як ҳафтаи охир зери қатор монда, ба ҳалокат расид. Ҳафтаи қабл қаторҳои мусофирбар дар Тоҷикистон сокини 27-солаи ноҳияи Бохтар ва сокини 72-солаи ноҳияи Рӯдакиро зер карда буданд, ки дар натиҷа ҳар ду ҷон доданд.