Ду голи беҷавоби футболбозони тоҷик ба дарвозаи Чин
Яккачини ҷавонони Тоҷикистон дидори дуввуми худро дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё бо пирӯзӣ ба анҷом расонд.
Футболбозони то 19-солаи тоҷик шаби гузашта (18 октябр) дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Манамаи Баҳрайн ба дарвозаи ҳамсолони худ 2 голи беҷавоб заданд. Ҳисобро дар дақиқаи сеюм Эҳсони Панҷшанбе боз кард ва дар дақиқаи 65 Нуриддин Ҳамроқулов голи дуввумро вориди дарвозаи Чин кард.
Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 ҳамроҳ бо Узбакистону Чин ва Австралия шомили гуруҳи “D” аст. Дар бозии дигари ин гуруҳ мунтахаби Узбакистон тими Австралияро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.
Яккачини ҷавонони Тоҷикистон дар аввалин бозиаш 15 октябр бо ҳисоби 1:2 аз тими Узбакистон мағлуб шуд.
21 октябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Манамаи Баҳрайн футболбозони тоҷик бо дастаи Австралия қувва меозмоянд.
Дар Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016, 16 даста дар чор гуруҳ бо ҳам рақобат мекунанд:
Гуруҳи “А”
Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ.
Гуруҳи “В”
Кореяи Шимолӣ, Ветнам, Аморати муттаҳидаи Араб, Ироқ.
Гуруҳи “С”
Қатар, Эрон, Ҷопон, Яман.
Гуруҳи “D”
Тоҷикистон, Узбакистон, Чин, Австралия.