баргард чоп кардан

Суоли Зуҳуров: Агар амниятиҳо ба хонаи афроди бегуноҳ зада дароянд?

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 19-уми октябр тағйирот ба қонун “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ”-ро қабул карданд, ки бар асоси он амниятиҳо ҳақ доранд, дар ҳолатҳои истисноӣ бидуни иҷозати соҳибхона ва додгоҳ вориди хонаҳои шаҳрвандон шаванд.

Саймуъмин Ятимов, сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зарурати ин тағйиротро ба мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти аҳолӣ рабт дод. Ӯ афзуд, баъзан, ки дар хонаҳо террористону гаравгонгирҳо ҳузур доранду фурсати гирифтани иҷозат нест, кормандони мақомоти амниятӣ ҳақ доранд бидуни иҷоза вориди манзил шаванд ё бо истифодаи зӯрию силоҳ амалиёт баранд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон суол гузошт, ки дар ҳолате агар амниятиҳо бидуни иҷоза вориди хонаҳо шаванду он ҷо афроди бегуноҳ бошанд, ҷуброни зарарро кӣ пардохт хоҳад кард. Дар посух Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ гуфт, дар ин ҳолат тибқи қонун ҷуброни зарарро давлат пардохт мекунад. Ӯ таъкид намуд, ки меъёри Констутсия дар мавриди дахлнопазирии манзили зисти шаҳрвандон побарҷост ва ин қонун танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз ҷумла амалиёти террористӣ иҷозат медиҳад, ки кормандони мақомот вориди хонаи шаҳрвандон шаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон тағйироти мазкурро ба қонун дар бораи мақомоти амнияти миллии кишвар ҳанӯз охири моҳи август тасдиқ намуда, он бо имзои раисиҷумҳури Тоҷикистон ба баррасии парлумон пешниҳод шуда буд.