Ҳалокати майор дар пайи чаппа шудани "БТР" дар ВМКБ
Сокинони ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯянд, дар наздикии деҳаи Шанбедеҳи ин ноҳия “БТР”, ё худ зиреҳпӯши нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон чаппа шудааст.
Ба иттилои манобеъ ин садама 17-уми октябр рух дода, дар натиҷаи он майор Неъматулло Хайруллоев ҷон дода, чанд низомии дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар шарҳи ин хабар Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, воқеан нисфирӯзи 17-уми октябр зиреҳпӯши нерӯҳои мусаллаҳ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим чаппа шуда, як нафар ҷон дода, як нафари дигар захмӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки зиреҳпӯши ҳомили низомиён, ки аз самти Хоруғ сӯи ноҳияи Ишкошим барои иштирок дар тамринҳои муштараки Тоҷикистону Чин ҳаракат мекардааст. Дар назар аст, тамринҳои муштараки Тоҷикистону Чин бо иштироки 10 ҳазор низомӣ дар ноҳияи Ишкошим фардо оғоз шуда, чор рӯз идома хоҳанд кард.