баргард чоп кардан

ВКД: Нозири мизи ҳарбӣ бар ивази билети ҳарбии тақаллубӣ 3000 пора хостааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як нозири 43-солаи мизи ҳарбии яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда рӯзи 19 октябри соли равон бар ивази билети ҳарбии қалбакӣ аз як сокини 47-солаи ноҳия 3000 сомонӣ ришва хостааст. Манбаъ мегӯяд, сокини ноҳия ин билети ҳарбиро барои писари 21-солааш дархост кардааст: “Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот давом дорад”.