баргард чоп кардан

ТАЛКО: Зарбаи буҳрон сахт буд, аммо тавонистем қарзамонро 4 баробар кам кунем

Ширкати алюминийи тоҷик, ТАЛКО мегӯяд, сарфи назар аз буҳрони ҷаҳонӣ, ки аз соли 2008 то ҳол идома дорад, тавонистааст, қарзашро қариб 4 баробар то 197,9 миллион доллар поин орад.

Тибқи иттилоияи расмии ин ширкат агар соли 2005 қарзи хориҷии ТАЛКО $724 миллионро ташкил медод, имрӯз он ба $197,9 миллион баробар мебошад.
Игор Сатторов, сардори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи КВД-и «Ширкати алюминийи тоҷик» зимни як ҳамоиш гуфт, буҳрони молиявии солҳои 2013-2016 ба соҳаи саноати алюминий нисбат ба буҳрони солҳои 2008-2009 таъсири бештар расонд: “Тибқи маълумоти Биржаи филизоти Лондон дар 8 моҳи соли ҷорӣ нархи алюминийи аввалия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан $200 поин рафта, аз $1760 то $1566 расид”.

ТАЛКО бо зикри хисороти тавлидкунандагони алюминий, ки гуфта мешавад ширкати CHALCO $3 миллиарду 667 миллион, RUSAL $3 миллиарду 046 миллион, ALCOA $1 миллиарду 333 миллион ва HYDRO $883 миллион доллар зарар дидаанд, изҳор дошт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро муваққатан поин мебарад: “То 23 сентябр миқдори электролизёрҳои амалкунанда 303-торо ташкил дод ва 60-тои дигар омодаи корандозӣ мебошад. Вале, дар шароити мураккаби бамиёномада фаъол кардани онҳо метавонад ба ТАЛКО $30 миллион зарари иловагӣ орад. Бинобар ин, КВД-и «Ширкати алюминийи тоҷик» то анҷоми соли ҷорӣ эҳтимол истеҳсоли алюминийи аввалияро тақрибан 5,1 дарсад коҳиш дода, ба ҷойи 158 ҳазор тоннаи қаблан пешбинишуда 150 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд”.