баргард чоп кардан

Вакилон боз барои тағйиру иловаҳо ба қонуни матбуот дастбакор шудаанд

Маҷлиси намояндагон аз тарҳи нави тағийру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” хабар дод. Ин лоиҳа аз ҷониби раисиҷумҳури кишвар ҷонибдорӣ шуда, барои баррасӣ ба парлумон ирсол шудааст.

Олим Салимзода, раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот имрӯз, 25 октябр бо таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфт, ин лоиҳа бештар ба масъалаҳои забон ва услуб дахл дошта, феълан дар сатҳи кумитаҳо мавриди баррасӣ қарор дорад.

Олим Салимзода аз ҷузъиёти бештари тағийру иловаҳои нав ба қонуни матбуот худдорӣ намуда, танҳо гуфт, он тибқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба низом овардани баъзе паҳлуҳои қонуни амалкунандаро дарбар мегирад: “Ин лоиҳа аз ҷониби аъзоёни Маҷлиси миллӣ муҳтарам Эмомзода ва Раҷабзода пешниҳод шудааст”.

Бори охир вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 30 марти соли равон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”-ро баррасӣ ва қабул намуда буданд. Он замон Олимҷон Салимзода ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфт, баъд аз таҳлилҳои гуруҳи корӣ, ки барои дубора баррасӣ кардани ин тарҳ таъсис ёфта буд, лоиҳа барои қабул омода гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, масъалаи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ аз тарҳ берун карда шуд, чун ин меъёр дар санадҳои дигар пешбинӣ шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон иброз намуда буд, чизе ки дар ин лоиҳа дида мешавад, дар қонунҳои алоҳида мавҷуданд: “Вале ин ҷо мушаххастар нишон дода шудаанд”.

Ба таъкиди оқои Зуҳуров, дар лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки дар сурати қонуншиканӣ аз ҷониби расона Додситонии кулл унвонии идораи расона бо талаби ислоҳи камбудӣ амри хаттӣ мефиристад: “Дар сурати бартараф нагардидани камбудиҳо баъдан ба суд муроҷиат мешавад ва суд муайян мекунад, ки расона то куҷо ба қонуншиканӣ роҳ додааст”.

3 феврали соли равон Маҷлиси намояндагон меъёри баҳсбарангези лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”-ро, ки Вазорати фарҳанг метавонад дар асоси пешниҳоди додситонӣ фаъолияти расонаҳоро то се моҳ мутаваққиф кунад, қабул накарда, онро барои номукамал буданаш бозпас гардонида буд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон он замон дар ҷаласаи парлумон изҳор дошт, “он меъёрро, ки прокуратура метавонад мавод омода кунад, онро мақомоти баҳисобгиранда пешниҳод намояд ва Вазорати фарҳанг то се моҳ метавонад фаъолияти расонаро мутаваққиф кунад, мо инро қабул накардем”.