20 сол ҳабси Машрабов барои қатли ронандаи пойгоҳи 201
Додгоҳи вилояти Хатлон Аҳлиддин Машрабов, сокини 24-солаи шаҳри Қӯрғонтеппаро барои қатли Алексей Буенков, сарбози пойгоҳи 201-и Русия ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои Машрабов 22 соли зиндон талаб карда буд, аммо додгоҳ 24-уми октябр ӯро барои 20 сол равонаи зиндон намудааст. Маҳкумшуда бо иқрори гуноҳаш афзудааст, ки нахуст марҳум ҳамроҳи ду сарбози дигар ӯро латтукӯб кардаанд ва ӯ ҳангоми ҳамлаи ҷавобӣ яке аз онҳоро маҷруҳ кардааст.
Қаблан манобеи “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ки қатли Алексей Буенков, ки дар пойгоҳи 201-и Русия дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба ронандагӣ машғул будааст, шаби 30 ба 31-уми июл рух додааст: “Муноқиша ҳангоми навбат барои ҳоҷатхона дар маркази дилхушии “Карина” рух додааст. Сарбозони пойгоҳи 201, ки дар навбат будаанд, зимни муноқиша ҷавони тоҷикро латукӯб намудаанд. Ӯ рафта, баъди чанде бо корд баргаштааст ва яке аз латукӯбгаронро як зарба задааст. Маҷруҳ дар пайи аз даст додани хуни зиёд ба ҳалокат расидааст”.