Интизор бош! Даргузашти марди тоҷик дар навбат барои муоинаи табиб
Иброҳим Бобомуродов, шаҳрванди 50-солаи Тоҷикистон дар навбат барои муоинаи тиббӣ дар роҳрави беморхонаи Маскав ҷон додааст.
Иззат Амон, раиси Иттиҳодияи ҷавонони тоҷики Русия мегӯяд, Бобомуродов бо шикоят аз дарди қалб ба беморхона омадааст: “Аммо духтур гуфтааст, навбаташро интизор шавад. Бобомуродов тӯли ним соат болои курсӣ нишаста, ҷон додааст. Вақти навбаташ духтур ӯро даъват кардааст, аммо ҷавобе нарасидааст. Наздаш омадаанд, ки ӯ аллакай фавтидаст”.
Иззат Амон мегӯяд, марҳум зодаи ноҳияи Шаҳринав деҳаи Чузист ва то ҳол натавонистаанд наздиконашонро пайдо кунанд. Ӯ афзуд, дар назар аст, ки ҷасад имшаб ба Ватан интиқол дода шавад ва аз наздиконаш хостааст, бо рақамҳои +992 907562080 дар тамос шаванд.