баргард чоп кардан

Файзобод: Домод хонаи падарарӯсашро оташ задааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 31-солаи ноҳияи Файзобод хабар медиҳад, ки дар оташ задани хонаи падарарӯси худ муттаҳам мешавад.

Бино ба иттилои ин ниҳод, боздошти ин мард дар пайи муроҷиати сокини 57-солаи ноҳия сурат гирифтааст. Ин мард гуфтааст, 26 октябри соли ҷорӣ тахминан соатҳои 14:30 домоди 31-солааш “дар ҳолати мастӣ, бинобар сабаби муноқишаи ба миёномада, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, хонаашро оташ задааст”.

Ба иттилои манбаъ, маблағи умумии зарари расида дар пайи сӯхтор 16350 сомониро ташкил медиҳад. ВУД мегӯяд, ҳоло парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.