Шарҳи расмии қатъ шудани барқ дар саросари Тоҷикистон
Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” далели қатъ шудани нерӯи барқро шаби 28 октябр дар қаламрави Тоҷикистон шарҳ доданд.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат имрӯз, 29 октябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар натиҷаи пайдо шудани нуқс дар системаи энергетикӣ ва ба кор даромадани автоматикаи ҳимояи зидддисадамавӣ соати 18:29 агрегатҳои неругоҳҳо хомуш шуданд: “Дар натиҷа ба ғайр аз ВМКБ тамоми кишвар бебарқ монд”.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи андешидани чораҳо ва баровардани хулосаҳои энергетикӣ давоми 2 соату 20 дақиқа агрегатҳои неругоҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ марҳила ба марҳила барқарор шуданд. Нозирҷон Ёдгорӣ афзуд, баъди дубора барқарор шудани барқ раиси ширкати “Барқи тоҷик” тавассути ВАО баромад намуда, барои нороҳатӣ аз тамоми мардуми кишвар маъзарат хост.
Сухангӯи "Барқи тоҷик" мегӯяд, аз лаҳзаи рух додани ҳодиса комиссияи махсус барои омӯзиши сабабҳои он ба фаъолият оғоз кард, ки аз хулосаи он баъдан иттилоъ хоҳанд дод.