Даргузашти журналист Раҳими Рафеъзод
Раҳими Рафеъзод, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик шаби гузашта дар 58-солагӣ даргузашт.
Наздикони марҳум ба “Озодагон” гуфтанд, ӯ аз бемории қалб ранҷ мекашид: “Шаш моҳ пеш дар Ҳиндустон ҷарроҳӣ карда буд”.
Ба гуфтаи манбаъ, маросими ҷанозаи ӯ Раҳими Рафеъзод зуҳри имрӯз, 3 ноябр дар зодгоҳаш деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ баргузор мешавад.
Рафеъзод аз соли 2009 ба ҳайси хабарнигори минтақавии ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон фаъолият мекард. Ӯ муаллифи шаш китоб ҳам буд.