баргард чоп кардан

ВК: Номусоидии ҳаво барои кишоварзон «мушкил» эҷод кард

Тибқи дурнамо майдони кишти пахта дар Тоҷикистон соли оянда зиёд  нашуда, ҳудуди  210 ҳазор гектар боқӣ мемонад.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд. Масъулини вазорат изҳор медоранд, ки сарфи назар аз зиёд нашудани майдони кишт, ҷамъоварии пахта соли оянда дар кишвар  бояд афзоиш ёбад:«Афзоиши пахта аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ таввассути кишти тухмиҳои серҳосил ба нақша гирифта шудааст».

Ба гуфтаи манбаъ, дар соли 2012 –ум дар Тоҷикистон ҳосилнокии миёна ба 20 сентенер аз як гектар ва ҳосили пахта ба 420 ҳазор тонна расонда мешавад.Имсол дар кишвар ҳудуди 412,5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудаст, ки дар муқоиса бо нақшаи пешбинишуда, 22 ҳазор тонна зиёд аст. Масъулини вазорати кишоварзӣ мегӯянд, ҷамъоварии қисме аз ҳосилро шароити боду ҳаво имкон надод, ки ҷамъоварӣ гардад, ки дар натиҷа ҳосилнокии миёна ба ҷои 21 сентенер имсол ҳамагӣ 20,5 сентенерро аз як гектар ташкил дод. Дарнамои ҷамъоварии ҳосили пахта имсол 390 ҳазор гектарро ташкил дода буд, ки пеш аз мӯҳлат иҷро гардид.