Пулиси тоҷик: “ФСБ”-ро аз қасди амалиёти террористӣ огоҳ кардем (ВИДЕО)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нахустин шуда дар бораи афроде, ки қасди амалиёти террористӣ дар Русия ва Осиёи Марказиро доштанд, иттилоъ пайдо намуд.
Ба иттилои манбаъ ВКД дар бораи ин афрод ба Хадамоти федеролии амнияти (ФСБ) Русия иттилоъ пешниҳод намуд: “Дар натиҷаи амалиёти якҷояи кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Хадамоти Федеролии амният (ФСБ), дар шаҳри Москва ва шаҳри Санкт-Петербург 12 шаҳрвандони Осиёи Миёна, ки қасди содир намудани амалҳои террористиро дар Федератсияи Россия ва қаламрави Осиёи Миёна доштанд, дастгир карда шуданд. Аз дастгиршудагон миқдори зиёди маводи тарканда ва силоҳи оташфишон дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки аз ҷумла дар натиҷаи чорабиниҳо як сокини шаҳри Турсунзода, ки бародараш дар ҷанги Сурия қарор дорад, дар фурудгоҳи шаҳри Маскав аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия дастгир гардида, ба Ватан баргардонида шуд.
Ин изҳороти ВКД дар ҳолест, ки дар интернет навори бозпурсии Мирзоев Абдухолиқ Алишерович, сокини шаҳри Турсунзода нашр шуд, ки мегӯяд, қасди амалиёти террористӣ дар Русияро доштааст. Ӯ афзуд, ки бародараш дар Сурия қарор дорад ва ният дошт дар Маскав амалиёти террористиро ҳамроҳи “тағо”, шаҳрванди Қирғизистон амалӣ кунад.