ВКД: Марди 39-сола ҳамқадаҳашро буғӣ карда, куштааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 39-солаи ноҳияи Ҷайҳун хабар дод. Ӯро дар куштори як сокини 54-солаи ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар медонанд.
Ба иттилои манбаъ, ин ду нафар дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ машруботи спиртӣ нушида, ба тарафи деҳаи Тубек мераванд ва онҷо бо якдигар муноқиша мекунанд: “Дар натиҷаи занозанӣ марди 39-сола марди 54-соларо лату кӯб намуда, бо тариқи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат расонидааст”.
ВУД мегӯяд, ҳоло нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.