Кадом Президент маоши аз ҳама баланд мегирад?
Нашрияи фаронсавии “Les Echos” ва ширкати омори “Statista” феҳристи раисҷумҳур ва мақомҳои баландпояи давлатҳоеро нашр кардаанд, ки соли 2016 ҳақмузди аз ҳама зиёдро гирифтаанд.
Дар садри ин раддабандӣ Барак Обама қарор дорад. Маоши солонаи раисҷумҳури Амрико 400 ҳазор доллар ҳисоб шудааст. Ҷастин Трудо, ки 19 октябри соли гузашта нахуствазири Канада интихоб шуд, бо маоши 260 ҳазор доллар барои як сол дар зинаи дуввуми ин рейтинг нишастааст.
Ангела Меркел, ки аз соли 2005 садри аъзами Олмон мебошад, бо ҳақмузди 234 ҳазор доллар дар як сол саввумин сиёсатмадори баландмаош дониста шудааст. “Les Echos”, Ҷейкоб Зума, раисҷумҳури Африқои Ҷанубиро дар ҷойи 4-уми феҳристаш қарор додааст. Ӯ солона 223 ҳазор доллар маош мегирифтааст. Тереза Мей, ки баъд аз Маргарет Тэтчер дуввумин зан ба дафтари нахуствазирии Бритониё расид, бо маоши 215 ҳазор доллар раддаи панҷумро муаррифӣ мекунад. Ба ҳисоби “Les Echos”, Синдзо Абе, нахуствазири Ҷопон солона 203 ҳазор доллар маош мегирад. Ҷойи 7-уми раддабандиро Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бо 197 ҳазор доллар ба худ ихтисос додааст. Франсуа Олланд, раисҷумҳури Фаронса (194 ҳазор доллар) дар ҷойи 8, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия (136 ҳазор доллар) дар зинаи 9 ва Маттео Рентсӣ, нахуствазири Итолиё (125 ҳазор доллар) дар мақоми 10 қарор доранд.