Зарба бо “скалпел” ба сари муҳоҷири тоҷик дар метрои Маскав
Денис.С, шаҳрванди 28-солаи Русия дар метрои Маскав бо “скалпел” сари Шермадзода Х., шаҳрванди Тоҷикистонро шикоф кардааст.
Тибқи иттилои Life.ru ҳодиса чанд рӯз қабл соати 9:00 дар метрои хатсайри Таганск-Краснопресненск рух додааст: “Денис.С дар метро бо шаҳрванди Тоҷикистон муноқиша барангехта, бо скалпел ба сараш зарба задааст”.
Манбаъ мегӯяд, Шермадзода дар беморхона бистарӣ шуда, ҳамлагар дар истгоҳи “Рязанский проспект" боздошт гардидааст: “Айни ҳол таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад”.