Хусумати келин бо хоҳари шавҳар бо куштор анҷомид
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як зани 25-сола, сокини ноҳияи Айниро дар қатли хоҳари 23-солаи шавҳараш муттаҳам мекунад.
Тибқи иттилои ВКД 18-уми ноябр, тахминан соати 11:30 дар мавзеи “Сафедиён”-и ноҳияи Айнӣ ҷасади ҷавондухтари 23-сола, сокини деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд: “Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар содир намудани ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия ва мақомоти Прокуратура ҳамсари бародари марҳум зани 25-солаи сокини ҳамин ноҳия, муайян ва боздошт гардид”.
Манбаъ афзуд, ки дастгиршуда ба далели хусусмати шахсӣ марҳумро қасдан аз ҷарии тахминан 10-метрӣ тела дода, бо санг чанд бори дигар ба сару рӯяш зада, ба ҳалокат расонидааст: “Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад”.