Суҳбати Б.Собир: Аз шеъру интеллигент то рубоияш дар бораи кори Э.Раҳмон бо булдозер
Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки 20-уми ноябр ба синни 76-солагӣ расид, дар суҳбат бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар бораи интеллигент, рисолати шеър, зиндагӣ дар Амрикою Тоҷикистон ва рондани бархе аъзо аз Иттифоқи нависандагон изҳори назар кардааст.
Бозор Собир, ки соли 2013 барои иқомат аз Амрико ба Тоҷикистон баргашт, дар посух ба суол, ки зиндагӣ дар кадоме аз ин кишварҳо беҳтар аст, гуфтааст, “дар ҳар дуяш хуб аст”.
Дар мавриди равшанфикр кисту дар асри 21, дар замони пур аз гирудорҳою кашмакашҳо, чӣ рисолат дорад, Бозор Собир посух додааст, ки “интеллигент мувофиқи таърифи аврупоӣ, яъне атеист! Шахсе, ки пеш аз ҳама бояд атеист бошад! Баъд дигар талаботҳо, аз ҷумла, мактаб хонда бошад, хатмкардаи университет бошад, маданӣ бошад, донишманд бошад. Ин одам метавонад дар ҳар масъала, чӣ сиёсату тиҷорат, фарҳангу дин, иқтисоду кайҳон бо ту баҳс кунад ва андешаашро гӯяд. Ин аст, таърифи интеллигенти аврупоӣ. Яъне, интеллигент аз интеллигент фарқ дорад. Масалан, интеллигенти тоҷик. Кист ӯ? Шахсе, ки каму беш мактаб хонда бошаду базӯр ягон донишгоҳоро хатм кардааст, атр мезанад, нохун мегирад, мӯйҳои гӯшашро тоза мекунад, барои тоҷик интеллигенти калон маҳсуб мешавад”.
Шоири маъруфи тоҷик таъкид кардааст, ки хусусияти умда ва асосии шеъри асри 20 ва 21 ин шиор аст: “Аммо шеъри асри 21-шеъри майдон аст, шеъри инқилоб аст, шеъри хиёбон аст. Ба гумонам инсоният рӯз то рӯз, ки ба озодӣ меравад, ҳамин шеъри майдону хиёбону тазоҳурот ҳамроҳаш аст”.
Ӯ ба суол, ки шеър чист ва он чӣ вазифа дорад, изҳор доштааст, ки “таърифи шеър зиёд аст, ҳамчуноне ки навъҳои он. Вале аслан шеър куллан ба гурӯҳи “наркотик” дохил мешавад. Фақат шеър не, ба гурӯҳи “наркотик” дохил мешавад шеър ва ҳама жанрҳои саҳна, мусиқӣ, суруд ва ҳамчунин дин. Чаро? Инҳо василаҳоеанд, ки одамро ба ваҷд меоранд, рӯҳияро тағйир медиҳанд, барангеза ҳастанд. Инсонҳоро масту махмуру маланг мекунанд. Шеър барангезанда аст. Кадом инқилоб аст, ки бе шеър гузарад? Шеър ҳамеша гимни инқилобҳост”.
Дар шарҳи иқдоми ахири раёсати Иттифоқи нависандагон барои ихроҷи бархе аз аъзо Бозор Собир изҳор доштааст, ки “корҳои Иттифоқ ба ман дахл надорад. Аммо суол, ки шуд, чунин посух медиҳам. Агар ман мебудам, фақат Айниву Лоҳутиву Турсунзодаро мемондаму дигар ҳамаро мерондам”.
Дар охир рубоии ҷадиди Бозор Собир пешниҳоди хонандагон шудааст, ки дар он шоир кори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ҳангоми тағйири маҷрои Вахш ба назм кашидааст:
Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,
Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст.
Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,
Чоки даҳани калони дарёро баст.