баргард чоп кардан

Шӯрои ВАО аз кори яксолааш ҳисобот медиҳад

Ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, фардо 1-уми декабр дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Тоҷикистон» сурат мепазирад.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дастгоҳи марказии ин ниҳод иттилоъ доданд, дар нишаст ширкати вакилон аз 60 ташкилоти журналистӣ ва нашрияҳои кишвар дар назар аст, ки онҳо Меъёрҳои ахлорқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро эътироф намудаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласа ҳисоботи райиси Шўро, райиси комиссияи тафтишотӣ ва дигар масоил баррасӣ хоҳад шуд: « Аз ҷумла масъалаҳои устувории фаъолияти молиявии Шўро, тартиби муроҷиат ба Шўро ва бақайдгирии шикоятҳо ба Шўро ва нақши Шўро дар ҳалли масоили то додгоҳии баҳсҳо дар назар аст».

Маврид ба тазаккур аст, ки Шўрои ВАО Тоҷикистон иттиҳодияи ҷамъиятиест, ки онро созмонҳои журналистии Тоҷикистон, чун Иттифоқи журналистон, ҳафтаномаҳои «Азия плюс», «Чархи гардун», «Тоҷикистон», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқҳои журналистони Тоҷикистон, АМВАОМТ, ТоҷАМВЭАОМТ ва ТВ «СМТ» таъсис додаанд.