баргард чоп кардан

Нопадид шудани савдогари ноболиғ аз назди бозор

Алиҷон Розиқов, сокини 16-солаи шаҳри Панҷакент 13 ноябр дар бозор бедарак шуда, то ҳол аз ӯ хабаре нест.

Насим Розиқов, падари Алиҷон, имрӯз, 22 ноябр ба “Озодагон” гуфт, фарзандаш, ки дар назди бозори Панҷакент савдо мекард, 13-ноябр бедарак шудааст: “Атрофиёнаш бори охир ӯро тақрибан соати 11-12 дидаанд”.

Ба гуфтаи Розиқов фарзандаш дар тан шими ҷинси сиёҳ, курткаи варзишии сиёҳ, пойафзоли варзишии рангаш кабуд доштааст. Падари Алиҷон аз нафароне, ки ӯро дида ва ё дар борааш чизе медонанд, хоҳиш кард, ки тариқи рақамҳои (+992) 93-333-55-59 ва 902-77-26-21 бо наздиконаш тамос бигиранд.