Марги марди 47-сола аз як мушти навраси 16-сола
Кормандони пулис дар шимоли Тоҷикистон бо иттиҳоми ба ҳалокат расонидани сокини 47-солаи шаҳри Хуҷанд як навраси 16-солаи ин шаҳрро дастгир кардаанд.
Торнамои расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 20 ноябр, тахминан соати 16:30 сокини 47-солаи шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди маҳаллаи Чашмаи арзанда дар ҳолати мастӣ бо истиқоматкунандаи 39-солаи ҳамин маҳалла ҷангу ҷанҷол карда, дашномҳои қабеҳ додааст: “Писари 16-солаи марди 39-сола ин ҳолатро дида, ба ғазаб омада, бо мушташ як маротиба ба рӯи марди 47-сола задааст, ки дар натиҷа охирон ба замин афтида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона вафот кардааст”.
Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.