Гуруғлисарои 91-солаи тоҷик ба Ҳиндустон ва ИМА даъват шудааст
Ҳотам Ҳакимов, гуруғлисарои шинохтаи тоҷик ба маҳфилҳои гуруғлисароии ИМА ва Ҳиндустон даъват шудааст.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, Ҳакимов ин даъватҳоро баъди иштирок дар ҷашнвораҳои байналмилалии гуруғлисароии Русияву Туркманистон дарёфт кард.
Ба иттилои манбаъ, Ҳотам Ҳакимовро дар ҷашнвораи байналмилалии гуруғлисароӣ дар Туркманистон, ки бо иштироки намояндагони 13 кишвар доир шуд, беҳтарин эътироф кардаанд.
Ҳакимов зодаи ноҳияи Варзоб буда, 60 сол аз умри 91-солаи худро сарфи гуруғлисароӣ кардааст. Вай шаш банд достони машҳури Гуруғлиро аз ёд медонад. Барои сурудани бандҳои кӯтоҳи достон чор ва бандҳои дигар то ҳафт соат вақт лозим аст. Ҳотам Ҳакимов гуфтааст, гуруғлихониро аз бобояш Лойи Кучакшо омӯхта, баъдан дар шогирдии Бобои Ҳусейн нишастааст. Барои аз худ кардани ин санъат ӯ 10 соли умрашро сарф намудааст.