Ҳалокати духтарчаи 7-сола зери чархи “КАМАЗ”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сокини 41-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо боркаши тамғаи “КАМАЗ” сабаби марги ноболиғи 7-сола шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ронанда шоми 23 ноябр ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ноҷии болои шаҳри Ҳисор бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, духтарчаи 7-соларо пахш намудааст: “Дар натиҷа, духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.