Шӯхӣ дар ошхона бо кордзанӣ анҷомид
Ошпази қирғиз дар қаҳвахонаи Маскав ҳамкори тоҷикашро бо корд маҷруҳ кардааст.
Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон хостааст бо ҳамкори 29-солаи қирғизаш дар қаҳвахонаи минтақаи Пресненск шӯхӣ кунад: “Дар ҳоле, ки ошпази қирғиз ба реза кардани гӯшт машғул будааст, ҳамкораш аз пушт оҳиста омада, ба гӯшаш дод задааст. Дар натиҷа ошпаз, ки дар дасташ корд будааст, фавран тоб хӯрдааст ва ба шиками ҳамкораш зарба задааст”.
Мақомоти Маскав мегӯянд, айни ҳол ошпази тоҷик ба беморхона ва ҳамкори қирғизаш ба пулис интиқол дода шудааст.