Духтари Президент дар ВКХ мансаби нав гирифт (АКС)
Рухшона Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Вазорати умури хориҷии кишвар мансаби нав гирифтааст.
Тибқи феҳрасти расмии кормандони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Раҳмонова Рухшона Эмомалиевна ба ҳайси муовини сардори раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати мазкур кор мекунад.
Рухшона Раҳмонова қаблан дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониё кор мекардааст.
Қаблан дар Вазорати умури хориҷӣ, Озода Раҳмон, духтари дигари раисиҷумҳури Тоҷикистон кор мекард, ки феълан ба мақоми раҳбари дастгоҳи иҷроияи Президент таъин шудааст.