Даргузашти Фидел Кастро дар 90-солагӣ
Фидел Кастро, собиқ раҳбари Куба дар синни 90 даргузашт.
Бино ба иттилои расонаҳо, хабари марги ӯро бародараш -- Раул Кастро, раҳбари Куба мебошад, тариқи телевизионҳои давлатӣ эълон кардааст. “Сарфармондеҳи инқилоби Куба соати 22:29-и рӯзи ҷумъаи 25 ноябр даргузашт ва бино ба васияташ ҷасади ӯ сӯзонда хоҳад шуд”,-гуфтааст Раул.
Фидел Кастро аз соли 1959 то 2008 раҳбарии Кубаи коммунистиро бар душ дошт.