Абдуғанӣ Мамадазимов аз нақши Тоҷикистон дар эҳёи “Роҳи абрешим” мегӯяд
Сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов меҳмони навбатии маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и профессор Иброҳим Усмонов мешавад.
Қарор аст, Мамадазимов дар мавзӯи “Нақши Тоҷикистон дар эҳёи “Роҳи Абрешим” суханронӣ кунад.
Ин маҳфил шоми якуми декабри соли равон дар Маркази тиҷоратии “Пойтахт” шурӯъ мегардад.