баргард чоп кардан

Масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар Лайлак баррасӣ гардид

Рӯзи гузашта дар ноҳияи Лайлаки шаҳри Исфанаи вилояти Боткенти  Қирғизистон вохӯрии корӣ оид ба баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои сарҳадӣ байни ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ғончии вилояти Суғд ва ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.


Дар вохӯрӣ 16 нафар намояндагон аз вилояти Боткенти Қирғизистон ва 32 нафар намояндагон аз вилояти Суғд, ҳамчунин намояндагон аз шӯъбаи корҳои дохилӣ, идораи гумрук, идораи об, хоҷагии ҷангал ва раисони ҷамоатҳое, ки бо ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошанд, иштирок намуданд.

Ҳайати кориро аз ҷониби вилояти Суғд, муовини якуми райиси вилоят   Ҷумъабой Сангинов ва аз ҷумҳурии Қирғизистон муовини губернатори вилояти Боткент Саидҷон Эратов роҳбарӣ мекарданд. Мулоқоти мазкур, асосан масъалаҳои ҳамкории ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғди ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Боткенти ҷумҳурии Қирғизистонро дар соли 2012 мавриди баррасӣ қарор дод.