Ҳукми ҷавоне, ки баъди муноқиша бо хоҳар падарашро кушт
Додгоҳи вилояти Суғд Ҷамшед Шарипов, сокини 30-солаи шаҳри Конибодомро дар қатли падараш гунаҳкор дониста, ба 19 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои додгоҳ ҳодисаи куштор 25-уми марти соли равон, ҳангоми таҷлили Наврӯз рух дод: “Шарипов нахуст бо хоҳараш муноқиша кардааст ва баъде ки падар ба ҳимояи духтараш хестааст, ҷавон якчанд бор бо бел ба сари падараш задааст”.
Манбаъ мегӯяд, падари 54-сола аз зарби бел дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.