баргард чоп кардан

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар «Тоҷикистон» ҳисобот медиҳад

Дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои ВАО-и кишвар идома дорад.


Бино ба иттилои хабарнигори «Озодагон», ки дар ин нишаст ширкат дорад, дар ҷаласаи мазкур намояндагони беш аз 60 ташкилоти журналистӣ ва нашрияҳои кишвар ,ки онҳо Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро эътироф намудаанд, ширкат доранд.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласа ҳисоботи райиси Шўро, райиси комиссияи тафтишотӣ ва дигар масоил баррасӣ хоҳад шуд: « Аз ҷумла масъалаҳои устувории фаъолияти молиявии Шўро, тартиби муроҷиат ба Шўро ва бақайдгирии шикоятҳо ба Шўро ва нақши Шўро дар ҳалли масоили то додгоҳии баҳсҳо дар назар аст».

Маврид ба тазаккур аст, ки Шўрои ВАО Тоҷикистон иттиҳодияи ҷамъиятиест, ки онро созмонҳои журналистии Тоҷикистон, чун Иттифоқи журналистон, ҳафтаномаҳои «Азия плюс», «Чархи гардун», «Тоҷикистон», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқҳои журналистони Тоҷикистон, АМВАОМТ, ТоҷАМВЭАОМТ ва ТВ «СМТ» таъсис додаанд.

Тафсилоти бештар давоми рӯз нашр мешавад