Тепловоз сокини 65-солаи Турсунзодаро зер кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сокини 65-солаи шаҳри Турсунзода зери тепловоз мондааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ин ҳодиса 30 ноябр тахминан соати 10:05 ба вуқӯъ пайвастааст: “Тепловози таҳти идораи марди 56-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти роҳи оҳани Қудуғули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба самти истгоҳи роҳи оҳани Пахтаободи шаҳри Турсунзода, марди 65-солаи сокини шаҳри Турсунзодаро пахш намудааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.