баргард чоп кардан

Дипломати тоҷик аз минтақаи Днепропетровски Украина дидан кард

Сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов ба вилояти Днепропетровски ин кишвар сафар кард.


Тибқи иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дипломатии тоҷик бо райиси маъмурияти давлатии вилоят Александр Вилкул вохӯрӣ анҷом дод, ки дар рафти он масоили рушди муносибатҳои иқтисодии минтақавӣ, ривоҷи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардиданд. Зимнан, Султонов аз ташкилоти саноатии ҷамъиятии «Корхонаи мошинсозии ҷанубӣ», комплекси кишоварзии «Агросоюз»,  Донишгоҳи миллии кӯҳшиносӣ дидан намуд.

Ҳамчунин вохӯрии сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар ин вилоят таҳсил мекунанд, баргузор гардид, ки дар рафти он, ҳамроҳ бо роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии минтақа масъалаҳои илмомӯзӣ ва зиндагонии донишҷӯён баррасӣ гардиданд. Бо мақсади мустаҳкам намудани равобит ва мубодилаи таҷрибаи ҷойдошта бо донишҷӯёни тоҷикистонии дигар минтақаҳои Украина, пешниҳод гардид, ки дар назди сафорат Шӯрои донишҷӯёни тоҷикистонӣ таъсис дода шавад, ҳамчунин ҳамасола вохӯрӣ-форумҳо, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами донишҷӯён аз Тоҷикистон, олимпиадаҳои тахассусӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва фестивалҳои мусиқӣ гузаронида шаванд. Ҳозирин қарор доданд, ки аввалин вохӯрӣ-форуми тамоми донишҷӯёни тоҷикистонии Украинаро охири моҳи апрели соли 2012 баргузор намоянд.