Нақшаи Бонки Миллӣ барои ҳифзи мизоҷон: Зӯргӯии бонкҳо мамнуъ шавад
Бонки миллии Тоҷикистон Стратегия ва нақшаи амал барои ҳимояи ҳуқуқи мизоҷони низоми бонкӣ барои солҳои 2017-2021-ро қабул кардааст, ки ҳадаф аз он таъмини эътимоди мардум ба бонкҳо арзёбӣ шудааст.
Бонки миллӣ ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон ва эътимоди мардумро масоили калидӣ барои рушди соҳаи бонкдорӣ дониста, ният дорад, ки онро давоми 5 соли оянда аз ҳисоби боло бардоштани саводнокии молиявӣ, ислоҳот бо ҷалби созмонҳои молиявӣ ва роҳандозии меъёрҳои байналмилалӣ дар умури хизматрасониҳои молиявӣ таъмин кунад.
Ин ниҳод бо зикри афзоиши шикояти мардум аз бонкҳо изҳор доштааст, ки шикоятҳоро қабул мекунад, аммо салоҳияти ҳалли баҳс миёни мизоҷ ва муассисаи молиявиро надорад. Бонки Миллӣ қабули санади меъёриро зурур хондааст, ки роҳҳои расидагӣ ба шикояти мизоҷонро мушаххас кунад: “Дар назар аст, давоми 5 соли оянда фаъолияти бахши ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони бахши молиявӣ таҳким ёбад ва теъдоди кормандони бахш бештар шавад”.
Бонки Миллӣ мегӯяд, дар доираи стратегия пешбинӣ шудааст, ки зӯргӯии бонкҳо барои ситондани маҷбурии қарзҳо аз мардум бояд мамнуъ шавад: “Агар муассисаҳои молиявӣ афроди сеюмро барои ситондани маҷбурии қарзҳо ҷалб кунанд, бояд муътақид бошанд, ки ин раванд дар доираи этика сурат мегирад”.
Шаффофияти кори бонкҳо ва пешниҳоди иттилои соддаи оммафаҳм бахши дигари стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.
Таҳияи стратегия дар ҳолест, ки феълан бисёре аз мизоҷони бонкҳо шикоят доранд, ки наметавонанд саривақт маблағҳояшонро аз бонкҳо бигиранд. Ин мушкил махсусан дар “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ҷой дорад.