баргард чоп кардан

Нигаронии прокурор аз бебарқӣ ва пулгирии худсаронаи "Барқи тоҷик"

Хайрулло Саидзода, додситони шаҳри Душанбе ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт гузориш дод, ки омодагии шабакаҳои барқ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017-ро санҷидаанд ва он нигаронкунанда мебошад.

Тавре аз шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, охири ҳафтаи гузашта дар ҷаласа таҳти раёсати Убайдуллоев додситони Душанбе аз таъмин нагардидани дастрасии муназзами сокинони пойтахт ба қувваи барқ интиқод намуд. Ӯ афзудааст, ки бархе аз масъулини шабакаҳои барқи Душанбе, ниҳоди тобеи “Барқи тоҷик” бо сўиистифода аз ваколатҳои мансабӣ маблағҳои пардохткардаи муштариёнро аз худ кардаанд: “Бархе аз нозирони барқ худсарона нишондиҳадаҳои ҳисобкунакҳои барқии муштариёнро тағйир додаанд. Аз рӯи ҳодисаҳои ошкоршуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд”.

Дар пайи гузориши прокурор Убайдуллоев омодасозии 1242 биноро барои қабули гармӣ, ки аз он 1082 ададашро биноҳои истиқоматӣ ташкил медиҳанд, зарур хонда, афзудааст, ки он бояд пайваставу пайгирона зери назорати қатъии раисони ноҳияҳо ва сохторҳои марбутаи хизматрасон қарор дода шавад.

Раиси Душанбе инчунин Асадулло Раҳимзода, директори ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе»-ро муваззаф кардааст, ки барои расидагии саривақтӣ ба муроҷиатҳои муштариён теъдоди мавҷудаи телефонҳои бовариро бештар кунад. Убайдуллоев аз мақомоти прокуратура хостааст, иҷрои ин дастур ва раванди хизматрасониҳоро аз ҷониби ниҳоди зертавозуни ШСХК «Барки Тоҷик» ба сокинони шаҳр зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷамила ва сардори Раёсати маорифи шаҳр Фақеров Ҳамидулло супориш гирифтанд, ки давоми як ҳафта муассисаҳои маориф ва тандурустиро бо гармӣ таъмин намоянд.