баргард чоп кардан

Дарёфти ҷасади марди тоҷик бо сару рӯи шикаста

Мақомоти Санкт Петербург аз дарёфти ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дар наздикии шоҳроҳи Ропшин бо осори марги маҷбурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ ҷасади марди 48-сола, шаҳрванди Тоҷикистон 4-уми декабр дар ноҳияи Петродвор дар назди коргоҳи мебелсозӣ пайдо карда шуд: “Дар ҷасад осори лутукӯб мавҷуд буда, сару рӯяшро шикастаанд. Феълан ҷасад барои ташхис ба сардхона интиқол дода шудааст”.

Мақомоти умури дохилии Санкт Петербург дар шарҳи қазия ба расонаҳои русӣ гуфтаанд, дар коргоҳи мебелсозӣ дурбинҳои назоратӣ насб нашудаанд ва ин муайянсозии асли ҳодисаро мушкил мекунад.