Шурӯъ аз имрӯз, яъне 1-уми декабр бозиҳои мавқуфмондаи сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Тибқи нақша дастаи “Вахш” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо тими “Истиқлол”вориди рақобат мешаванд. Рӯзи 2-юми декабр бошад, дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастаҳои “Парвоз” ва “Регар-ТадАЗ” ба майдон мебароянд. Рӯзи 3-юми декабр ду бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд”- “Энергетик”, “Истиқлол”- “Вахш” баргузор хоҳад шуд. Рӯзи 6-уми декабр ССКА “Помир”- “Истиқлол”, “Хуҷанд”- “Регар ТадАЗ” ва 7-уми декабр дастаҳои “Парвоз”- “Энергетик” миёни ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот тими “Равшан” бо 89 хол аз 38 бозӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Футболбозони ин даста ду бозии охиринро бо “Истиқлол” дар Душанбе ва дар майдони худ анҷом хоҳанд дод. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 77 хол аз 33 бозӣ дар мақоми дуюм аст. Тими “Истиқлол”, ки ҳамаги 29 бозӣ кардааст, бо 75 хол дар зинаи сеюм қарор дорад. Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот миёни пешсафон идома хоҳад ёфт.