Хабарнигорони Радиои Озодӣ дубора иҷозаи фаъолият гирифтанд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон муҷаввизи 6 хабарнигори Радиои Озодиро дубора барқарор намудааст.
Радиои Озодӣ мегӯяд, 6 хабарнигораш - Мирзонабии Холиқзод, Амриддини Олим, Шодмони Ятим, Мардони Муҳаммад, Абдулло Ашӯров ва Муҳаммадвафо Ризозода, баъди барқарор шудани аккредитатсияҳо дубора ба кор баргаштанд.
Муҷаввизи ин журналистон 25 ноябри соли ҷорӣ боздошта шуд. Он замон масъулони Радиои Озодӣ гуфта буданд, ин кор баъди нашри хабар дар бораи мақоми Рухшона Раҳмонова, духтари раисҷумҳури Тоҷикистон дар Вазорати умури хориҷӣ сурат гирифт. Ба қавли онҳо, ин шаш корманди дафтари радио дар Душанбе нимаи дувуми рӯзи ҷумъа ба вазорат даъват шуда ва "аккредитсия"-ашон гирифта шудааст.
Масъулини Радиои “Озодӣ” мегӯянд, баъди нашри ин иттилоъ мақомот ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе панҷ дақиқа муҳлат додаанд, то хабарро ҳазф кунанд, вагарна муҷаввизи фаъолиятро аз даст хоҳанд дод. Ба иттилои манбаъ "акредитатсияи" журналистон баъди он қатъ карда шуд, ки Радиои Озодӣ "манобеи хабарашро тафтиш карда ва тасмим гирифт, мақоларо нигоҳ дорад".
Дар пайи маҳрум гардидани 6 хабарнигори радио аз иҷозатномаи фаъолият, Том Кент, президенти радиои “Озодӣ” изҳори умед карда буд, ки “қарори қатъи муҷаввизи кормандони Радиои Озодӣ билофосила лағв мегардад”, зеро ба гуфтаи ӯ хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе танҳо изҳороти расмии ҳукумати Амрикоро нашр карда ва аз феҳристи расмии кормандони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон истифода намудаанд.
Сафорати ИМА дар Душанбе, Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ) ва созмони “Хабарнигорони бидуни марз” бо нашри изҳоротҳои алоҳида аз мақомоти тоҷик хоста буданд, муҷаввизи 6 хабарнигорро барқарор кунанд.
Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ дар пайи нашри хабари “Нигаронӣ ва умеди президенти “Озодӣ” аз мақомоти тоҷик” ба “Озодагон” иттилоъ дода буд, ки бозхонди иҷозтномаи 6 хабарнигори радиои “Озодӣ” ба нашри хабар дар бораи мақоми нави Рухшона Раҳмонова, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон рабт надорад: “Таъинот дар ВКХ дар асоси қонун дар бораи ротатсияи хизматчиёни давлатӣ сурат гирифт ва ин ҷои пинҳонкунӣ надорад, ҳамаи тағйирот шаффоф сурат гирифт. Иттилоъ дар ин бора дар бахши сохтори сомонаи расмии ВКХ пешниҳод шудааст. Нашри хабар дар бораи мақоми нави Рухшона Раҳмонова, ки собиқаи кории 10-сола дораду фаъолиятро аз зинаҳои поёнӣ оғоз кардааст, ба бозхонди иҷозатномаи кори хабарнигорони радиои “Озодӣ” рабт надорад”.