баргард чоп кардан

Сипоси Мирзиёев ба дипломати тоҷик: Ҳамкорӣ мекунем...

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури тозаинтихоби Узбакистон, ба Рашид Олимов, дипломати тоҷик, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои назорату баҳогузории интихоботи президентӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.

Тибқи иттилои котиботи СҲШ мулоқоти Мирзиёев бо Рашид Олимов баъди эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ 5-уми декабр сурат гирифт. Олимов интихоботи президентии ахири Узбакистонро қадами ҷиддӣ барои рушди демократия хонда, барои Мирзиёев муваффақият таманно кардааст.

Мирзиёев ва Олимов созиш кардаанд, ки дар доираи СҲШ ҳамкориҳоро густариш хоҳанд дод.

Рашид Олимов ахиран интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистонро шаффоф, озод ва демократӣ унвон кард.

Ин дипломати тоҷик, ки дар садри ҳайати СҲШ интихоботро назорат кардааст, дар суҳбат ба хабаргузории “ТАСС” гуфт, интихобот дар асоси қонунгузории Узбакистон ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор гардида, ҳолатҳои нақзи қонунгузорӣ, ки натиҷаҳоро зери суол барад ба қайд гирифта нашудаанд. Раиси СҲШ гуфтааст, баъзе камбудиҳое ҷузъӣ ошкор гардиданд, ки ба натиҷаи интихобот наметавонанд таъсире дошта бошанд.

Рашид Олимов дар посух ба суол дар мавриди шароити мусоид барои нерӯҳои гуногуни сиёсӣ гуфтааст: “Барои иштирокчёни ҷараёни раъйдиҳӣ новобаста аз назарҳои сиёсиашон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Барои номзадони мақоми раёсатҷумҳурӣ вақти баробар дар телевизион ҷудо гардид. Вобаста ба ҷойи зисти ақалиятҳои миллӣ маводи тарғиботӣ бо забонҳои узбакӣ, русӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ ва қароқалпоқӣ паҳн шуданд”.

Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи 4-уми декабр Шавкат Мирзиёевро президенти тозаинтихоби ин кишвар эълон кард.

Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси кумисюни марказии интихоботи Узбакистон эълон кард, ки Мирзиёев 88,61%-и овозҳоро ба даст овардааст: “Ба ҷонибдории Мирзиёев 15 миллиону 906 ҳазору 724 нафар овоз доданд”.