баргард чоп кардан

Заминҳои корам барқарор мегарданд

Бар асари омадани сел дар се соли пеш дар рӯдхонаи Панҷ, 176-гектар заминҳои обӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ зери сангу лойқа монда, аз  истифода баромаданд.

Бо ташаббуси ҳукумати маҳаллӣ ва кишоварзони ноҳия, соли гузашта беш аз 56-гектар замини аз гардиши кишоварзӣ беруншуда бо таври ҳашар аз нав барқарор гардонда шуда, мавриди кишту кор қарор гирифт.

Хӯҷамурод Фазлиддинов, раиси ноҳияи мазкур ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, аз шумораи заминҳои валангоршуда, 55-гектараш зери санги   монда, дигар барқарор шуда наметавонанд. Қисмати дигари заминҳои аз сел зарардида марҳила ба марҳила бунёд хоҳанд шуд.Масоҳати умумии заминҳои кишт дар ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 13 238 гектарро ташкил медиҳанд.