Давлат Худоназари 72-сола дар ин филм мегӯяд бори аввал номи Кивекэсро дар синни 4-5-солагӣ шунидааст: “Падарбузургам он замон бо ҳамсолонаш аз хотироти худ суҳбат мекарданд. Аз он замон номи Кивекэс дар хотири ман хеле рӯшан ва ба сурати мусбат нақш бастааст. Ҷузъиёти суҳбати онҳо дар ёдам нест, аммо як одамеро мегуфтанд, ки барои онҳо хеле корҳои хуб ва бошарофат кардааст.”
Бар бунёди ин филми мустанад Эдуард Карлович Кивекэс соли 1866 дар Финландия ба дунё омада, ҳамроҳ бо экспедитсия рус ба Помир омадааст. Ӯ се бор ба вазифаи сардори отряди Помир таъйин шуда бо мусоидат ва кумаки дипломат ва афсарони рус минтақаи Помир ба ҳайати империяи Русия дохил шудааст.
Ба гуфтаи Давлат Худоназар, ин афсари финтабори артиши Русия дар номаҳои худ вазъияти бади тоҷикони Помирро ба генерал-губернатори Туркистон мерасонд. “Онҳо дар асорат буданд. Ӯ бо мардум наздик шуд. Ба забони онҳо суҳбат мекард. Номи ҳамаи онҳоро медонист. Дар ҳамаи деҳаҳо дӯстҳо ва бо мардуми оддӣ муносибати дӯстона дошт.”
Дар филм гуфта мешавад, ки ин афсари армияи рус ҳангоми рафтан аз Помир Гулбегим, як духтари 7 соларо ба духтархонӣ гирифтааст. Давлат Худоназар мегӯяд, ӯ падари духтаре шуд, ки дар он сарзамин ба дунё омада буд ва суол гузоштааст: “Ба чӣ шакли дигар метавон дӯстдории худро ба мардум изҳор дошт?”