баргард чоп кардан

Криштиану Роналду тӯби тиллоӣ гирифт

Криштиану Роналду, ҳамлагари клуби “Реал”-и Испания бори чорум ҷоизаи маъруфи “Тӯби тиллоӣ”-ро соҳиб гардид.

Дар ин бора нашрияи France Football, аз аввалин муассисони ин ҷоиза (1956) иттилоъ дода, гуфтааст маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 12 декабр дар Париж баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, Роналду бо дарёфти 745 дарсади раъй беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф гардид.

Лионел Месси, ҳамлагари “Барселона” дар ҷойи дуюм 316 хол дар ҷойи дуввум ва Антуан Гризманн, бозигари мунтахаби тими Фаронса бо дарёфти 198 хол ҷойи сеюм гирифтааст.

Криштиану Роналду, ҳамлагари клуби “Реал” солҳои 2008, 2013 ва 2014-ум ин ҷоизаро ба даст оварда буд. Роналду дар мавсими футболи 2016, 38 гол дар ҳайати “Реал” ва 13 голи дигар дар мунтахаби Португалия ба дарвозаи ҳариф ворид кардааст. Соли 2016 аз бобарортарин сол дар карераи Роналду ба ҳисоб рафта, давоми сол ӯ дар ҳайти “Реал” Ҷоми олии УЭФА ва дар ҳайтаи мунтахаби кишвараш Ҷоми Аврупоро ба даст овард.