Генерал ба ҷои полковник: Таъини фармондеҳи нави пойгоҳи 201
Генерал майор Олег Митяев фармондеҳи нави пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон таъин шудааст.
Тибқи иттилоияи Вазорати дифои Русия Митяев дар ин мақом полковник Денис Ляминро иваз кард. Лямин фармондеҳи дивизияи 90-уми танкӣ дар вилояти Челябинск таъин гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, фармондеҳи нав ба ҳайати пойгоҳ имрӯз, 13-уми декабр муаррифӣ шуд. Митяев хатмкардаи омӯзишгоҳи низомии Омск, академияи қувваҳои мусаллаҳи Русия буда, дар нерӯҳои десантӣ хидмат кардааст. Ӯ бо 5 ҷоизаи давлатӣ, аз ҷумла ордени мардонагии Русия сарфароз гардонида шудааст.
Пойгоҳи 201 калонтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад.